Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»

Декабрь 16, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар давраи татбиқи он солҳои 2019-2025 беш аз 2 ҳазору 600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар 75 соли замони гузашта, яъне то соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор вуҷуд дошту халос.

Дар даҳ соли охир бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 3 ҳазор зиёд гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад