Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва афкору андешаҳои ватандӯстонаю истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад ва бовар дорам, ки он ба таҳкиму тақвияти ҳисси миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ мебахшад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки соли 2025 бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас карда шуд.
Ба андешаи Пешвои миллат, тақвияти ҳувият ва ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳимояи истиқлолу озодӣ барои халқи тоҷик амри ниҳоят муҳим мебошад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ вазъе ба амал омадааст, ки ба арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд.
«Бо назардошти ин маҳз ба хотири пешгирӣ аз ин хатару таҳдидҳо мо соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудем», – изҳор доштанд Сарвари давлат.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






