Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 соли 2025-ро барои Тоҷикистон боз як соли бобарору таърихӣ ва дастоварду пешравиҳои назаррас арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастоварду нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
«Барномаю нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шуданд, соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем»,- изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






