Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори Генералии Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон Ал — Маршад баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд, дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мусоҳибон вобаста ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд татбиқ мегарданд, мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Фонд лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 294 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, айни ҳол 4 лоиҳа ба маблағи 210 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Зимни мулоқот аз ҷониби Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода барои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва маориф маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар анҷом ҷониби Фонди Саудии Рушд барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






