«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва коҳишёбии пиряхҳо, ки масоили мураккабу ба ҳам алоқаманд мебошанд, барои тамоми кишварҳои кураи Замин бениҳоят муҳим ва хатарнок арзёбӣ мегарданд. Зеро дар шароити муосир равандҳои тағйирёбии иқлим хеле вусъат ёфта, таъсири назарраси онҳо на танҳо захираҳои обу пиряхҳо, балки тамоми ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоиро фаро гирифта, рушди устувори мамлакатҳоро халалдор менамояд. Аз ин рӯ, гармшавии глобалии иқлим, коҳишёбии захираҳои об, таназзули босуръати пиряхҳо ва афзоиши хатари офатҳои марбут ба обу иқлим ба мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Дар ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо созмонҳо ва созишномаҳои минтақавию байналмилалӣ нақши бағоят муҳим доранд.
— Дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим дар миқёси ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 1979 нахустин Конфронси ҷаҳонӣ оид ба иқлим баргузор гардида, дар натиҷаи он «Барномаи ҷаҳонии иқлим» қабул карда шуд. Дар асоси ин барнома Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) соли 1988 Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлимро (IPCC) таъсис доданд. Ин гурӯҳ аз соли 1990 инҷониб доир ба мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим гузоришҳое таҳия менамояд, ки фаъолияти Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро (UNFCCC) ҳамчун созишномаи байналмилалии асосӣ дар ин самт тақвият мебахшанд. Гурзоришҳои арзёбии ҳолат ва дурнамои иқлими ҷаҳонӣ солҳои 1990, 1995, 2001, 2007, 2014 ва 2022 интишор ёфтаанд ва ҳамаи онҳо хусусияти антропогенӣ доштани гармшавии глобалии иқлимро ҷонибдорӣ менамоянд. Зиёда аз ин, аввалин ҷаласаи байналмилалӣ дар бораи тағйирёбии иқлим соли 1966 дар шаҳри Лос-Анҷелес бо иштироки олимони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Зимни он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили устувории яхҳои баҳрии ноҳияҳои қутбӣ дар шароити тағйирёбии антропогении иқлим равон гардид. Сипас, солҳои 70-уми асри ХХ дар доираи «Созишномаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» дар шаҳрҳои Тошканд (1976), Ленинград (1977), Душанбе (1978) ва Тбилиси (1979) якчанд симпозиумҳо дар бораи тағйирёбии антропогении иқлим баргузор шуданд.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, доир ба масоили марбут ба захираҳои об давоми таърих беш аз 3600 созишномаи байналмилалӣ ба имзо расида, бархе аз онҳо ба киштиронӣ, моҳидорӣ ва аломатгузории марз тааллуқ доштанд. Танҳо аз нимаи асри XIX инҷониб беш аз 400 созишномае қабул гардидаанд, ки истифодаи обро ҳамчун захираи табиӣ танзим менамоянд. Сарфи назар аз шумораи зиёди шартномаҳои байналмилалии амалкунанда дар бораи истифодаи обҳои фаромарзӣ аввалин кӯшиши ба низом даровардани меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалии соҳа миёнаи солҳои 60-уми асри XX аз тарафи Ассотсиатсияи ҳуқуқи байналмилалӣ анҷом дода шуд. Яъне, дар асоси омӯзиши шартномаҳои байналмилалӣ, урфу одатҳо ва амалияи суди байналмилалӣ ин ассотсиатсия соли 1966 дар шаҳри Ҳелсинки «Қоидаҳои истифодаи обҳои дарёҳои байналмилалӣ»-ро, ки бо номи Қоидаҳои Ҳелсинки маъруфанд, таҳия ва қабул кард.
Ҳамин тавр, соли 1992 аз тарафи Комиссияи иқтисодии авруопии Созмони Милали Муттаҳид муоҳида оид ба ҳифз ва истифодаи маҷрои обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул карда шуд, ки аз соли 1996 мавриди амал қарор дорад. Ин муоҳидаи доираи амали универсалӣ дошта, асосҳои ҳуқуқии ҳамкории кишварҳоро дар бахши ҳифз ва истифодаи оқилонаи обҳои фаромарзӣ фароҳам меорад. Вале муқаррароти он на ба идоракунии захираҳои об, балки ба самти қоидаҳои умумии мушкилоти экологӣ нигаронида шудааст. Ба муоҳидаи мазкур дар шаҳри Лондон соли 1999 Протокол оид ба масоили об ва саломатӣ қабул гардид, ки пешгирӣ, маҳдуднамоӣ ва кам кардани хатари паҳншавии бемориҳои марбут ба обро фаро мегирад.
Дар самти омӯзишу пажӯҳиши пиряхҳо нахустин Комиссияи байналмилалии пиряхҳо соли 1894 зимни баргузории Конгресси VI байналмилалии геологӣ дар шаҳри Сюрих (Швейсария) таъсис ёфта, ба мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо асос гузошт. Вале дар он вақт олимон дар бораи мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ё гармшавии иқлим тавассуроти дурусте надоштанд. Сипас дар доираи Даҳсолаи байналмилалии гидрологӣ барои солҳои 1965-1974 таҳти сарпарастии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) зарурати тақвияти донишҳои илмӣ, пешбурди маориф ва омода кардани мутахассисон дар самти ҳифз ва истифодаи захираҳои об ба миён гузошта шуда шуд.
Дар баробари ин барӯйхатгирии ҷаҳонии массаи бисёрсолаи ях ва барф яке аз ҳадафҳои меҳварии ин даҳсола арзёбӣ шуда, дар натиҷаи он соли 1975 Барномаи байналмилалии гидрологӣ таҳия ва қабул гардид. Соли 1986 аз тарафи UNEP, UNESCO ва WMO Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо (WGMS) доир ба нигоҳдории маълумоти мушоҳидаю тағйирот дар пиряхҳои сайёра ба фаъолият шуруъ кард. Барномаи байниҳукуматии гидрологии UNESCO бахшида ба 100-солагии мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо китоби «Дар асри дуюми мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо»-ро (соли 1988) ба нашр расонида, «Таснифи байналмилалии барфҳои мавсимӣ дар сатҳи Замин» (соли 2009) ва «Луғати (Глоссарий) тавозуни массаи пиряхҳо ва истилоҳоти марбут ба он»-ро (соли 2011) таҳия ва интишор намуд.
Сарфи назар аз таърихи иҷмолии гуфташуда дар бораи ташаккул ва пешрафти кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири мубориза бо тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо ҳеҷ яке аз ин иқдом натавонистанд ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти марбут ба ин се ҷузъи ба ҳам алоқаманди табиати сайёраро, ки динамикаи яке аз онҳо ба дигаргунии системаи дигар ҷузъҳо оварда мерасонад, пайваста ва мунтазам пайгирӣ намуда, барои бартарафнамоии пайомади онҳо тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ пешниҳод созанд.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим – «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034) ва «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» дар асоси андешаву таҳлилҳои борикбинона, мӯшикофона ва нуктасанҷонаи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта гардидаанд. Дар заминаи ин иқдом Созмони Милали Муттаҳид 15 қатъномаи дахлдор қабул кардааст, ки далели равшани ин гуфтаҳо аст.
Ҳамзамон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2003-2025 дар шаҳри Душанбе 11 форум ва конфронси сатҳи баланд доир гардиданд, ки бархе аз онҳо аввалин маротиба баргузор шуда, дар миқёси байналмилалӣ назир надоштанд. Аз ҷумла, дар доираи аввалин ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли 2003 нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти оби тоза доир гардид, ки шаҳри Душанберо ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод. Дар баробари ин, дар таърихи беш аз 130-солаи мушоҳидаву пажӯҳиши пиряхҳо маҳз дар доираи иқдоми панҷуми ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат Соли 2025 нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Ҳамчунин дар доираи ташаббуси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пас аз 46 сол дуюмин конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ, яъне Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об (22-24-03.2023) баргузор гардид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро конференсияи таърихӣ номида, иброз доштанд, ки «он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст. Мо – мизбонони конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид».
Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар баробари аввалин конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ дар самти омӯзиш, мушоҳида ва ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои тасдиқи амалии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо замина гузошт, балки дар доираи он саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Нақшаи панҷсолаи амал барои рушди навоҳии кӯҳсор барои солҳои 2023-2027 муттаҳид гардид. Инчунин харитаи роҳ барои расидан ба ҳадафҳои «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» муайян карда шуда, ҳадафҳои амалии «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2015-2030» тақвият ёфтанд, натиҷаҳои миёнамуҳлати татбиқи аҳдофи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. Дар ин замина амалҳои марбут ба об ва уҳдадориҳои сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла тавассути Рӯзномаи амалиёти об барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои об, иқлим ва пиряхҳо густариш ёфтанд.
Тибқи маълумоти UNESCO ва WMO, тақрибан 70% оби ширини нӯшокӣ дар саросари ҷаҳон дар пиряхҳо ва лавҳаҳои яхӣ мавҷуд буда, бинобар тағйирёбии глобалии иқлим ташаккулёбии пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим барои устувории экологӣ, суботи иқтисодӣ ва инчунин, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва васоити зиндагӣ бағоят муҳим аст. Зеро пиряхҳо, алалхусус пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор на танҳо дар тавозуни гидрологию метеорологӣ, балки иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо нақши муҳим доранд. Онҳо дар баробари захира намудани оби ширин, ба шароитҳои иқлимӣ, реҷаи гидрологӣ, рушди сайёҳӣ ва вазъи иҷтимоию фарҳангии ҷамоаҳои маҳаллӣ низ таъсир бевосита мерасонанд.
Бо назардошти ин нуктаҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба густариши системаи мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо бо мақсади беҳгардонии ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, таҳияи системаҳои огоҳкунии бармаҳал доир ба хатари офатҳои марбут ба пиряхҳо, пешбурди идоракунии устувори захираҳои об дар манотиқе, ки аз пиряхҳо вобастаанд, ҳифзи мероси фарҳангии марбут ба иқлиму пиряхҳо, баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ ва ҷалби ҷавонон барои татбиқи ташаббусҳо дар самти ҳифзи пиряхҳову амалҳои иқлимӣ равона гардид.
Бо вуҷуди ин мушоҳидаю далелҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар саросари ҷаҳон 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва 3,5 миллиард нафар ба беҳдоштии бехатару идорашаванда дастрасӣ надошта, зиёда аз 2 миллиард нафар бевосита аз оби дар ноҳияҳои кӯҳсор ташаккулёбанда истифода мебаранд. Аз рӯйи амсиласозиҳои иқлимӣ, ҳарорат то охири асри равон барои сенарияи минималии партови газҳои гулхонаӣ 0,3-1,7°C ва барои сенарияи максималии партовҳо 2,6-4,8°C меафзояд. Агар то соли 2100 ҳарорати ҳавои наздизаминӣ 1,5-4°C боло равад, он гоҳ 26-41% массаи пиряхҳои манотиқи кӯҳсор зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Маҳз бо назардошти ин масоили ҳалталаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иқдоми наҷибу саривақтӣ пешниҳод менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки зимни баргузории Иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEA) (8-12 декабри соли 2025) дар қароргоҳи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) дар шаҳри Найроби (Кения) қатъномаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» бо иттифоқи оро қабул гардид. Мавзуи меҳварии иҷлосия «Таҳияи роҳҳои ҳалли устувор барои сайёраи устувор» унвон дошта, дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти рушд ва мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳӣ дар шароити муосир, махсусан дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим равона шудааст. Ҳамчун ҳуҷҷатҳои натиҷавии UNEA-7 11 қатънома қабул шуда, қатъномаи 10-ум (UNEP/EA.7/Res.10) – «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» аз тарафи ду мамлакати кӯҳсор – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу пешниҳод гардид. Қабули қатномаи мазкур бори дигар нақши бориз ва саҳми назарраси Тоҷикистонро таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуд.
Қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» далели бармалои эътирофи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масоили марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо буда, нақши бузурги меҳани моро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори башарият нишон медиҳад. Зеро ин иқдом идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим буда, аз ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар самтҳои андешидани тадбирҳои саривақтӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани устувории экологӣ тақвият бахшанд.
Дар робита ба ин мавзуи ниҳоят муҳим, ҳассос ва ҳалталаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд».
Маҳз бо мақсади пурсамар намудани фаъолияти илмӣ, густариш додани таҳқиқоти илмӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории илмӣ ва муаррифию амалинамоии иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Сарвари давлат Муассисаи давлатии илмию тадқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо»-ро ба Муассисаи давлатии илмию тадқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил доданд.
Ҳамин тавр, қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар Иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист рӯйдоди муҳим ва дорои аҳамияти таърихӣ буда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили марбут ба пиряхҳо ва криосфера ҷалб менамояд. Ичунин роҳҳои ҳалли мушкилоти онро нишон дода, масирро барои ҳамкории байналмилалӣ тақвият мебахшад ва барои таъмини амнияти иқлимию рушди устувори экологӣ шароиту заминаи муосид фароҳам меорад.
Номвар ҚУРБОН,
мудири Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент,








ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир
Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад






