Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид

Декабрь 1, 2025 15:22

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кабк парандаи соли 2026 эълон гардид. Ҳамоишҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни «Парандаи сол – 2026» аз байни 10 номинатсияи пешниҳодшуда бо гирифтани овозҳои бештар кабки зирак  ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.

Биноба иттилои манбаъ, озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ набуда, он барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад.

Зимни ҷаласаи ҷамъбастии озмун иброз шуд, озмун имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа дар бораи парандаҳо бештар маълумот пайдо намуда, ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат намоянд.

Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк дар байни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд.

Кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. Ба гуфти одамоне, ки кабкро хубтар мешиносанду бо он сару кор доранд, садои кабк бештар ба бемории асаб шифо мебахшад. Гӯшти кабк серғизо  буда, барои чандин касалиҳо давобахш аст. Кабк  парандаи зираку доно буда, дар талу теппаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон парандаҳои гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «Парандаи сол» интихоб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Парандаи сол» дар Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб бо ҷалб ва тавсияи коршиносони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Иттиҳодияи ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Интихоби яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистон ба сифати парандаи сол бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он дар табиат мебошад. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2025 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид