Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муаррифии китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори мамлакат баргузор шуд.
Зимни муаррифии асарҳо иброз гардид, ки китоби «Масири сарнавишт» ба таҳлилу баррасӣ ва арзёбии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар ин китоб андешаҳои роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, ходимони намоёни давлатӣ, инчунин мақолаҳои олимон, шоирон ва адибони сатҳи ҷаҳонӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гирдоварӣ шудаанд.
Инчунин ҷанбаҳои муҳимми сиёсати давлатдории Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Дар баробари маводи таҳлилӣ меҳрномаҳо ва ашъори шоирону нависандагон дар васфи Пешвои миллат эҳсоси ватандӯстона, арҷгузорӣ ва сипосгузории мардуми сарфарози мамлакатро таҷассум менамоянд.
Китоби «Авсофи Пешво» ҳамчун гулдастаи меҳру садоқати шоирону нависандагони тоҷик муаррифӣ гардид, ки дар он хизматҳои шоёни меъмори давлатдории навини тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд. Асар сифатҳои волои инсонӣ, ахлоқӣ ва роҳбарии Пешвои миллатро нишон дода, нақши ӯро ҳамчун роҳнамои миллат ва шахсияти таърихсоз дар даврони муосир бозтоб медиҳад.
Ин китобҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар ҷамъоварӣ, мураттаб ва ба низом даровардани маводи онҳо як гурӯҳ адибону муҳаққиқон ва сиёсатмадорон саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар ҳамоиш яке аз мураттиби китобҳо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз дошт, ки ҷамъоварии мавод бо ҷалби андешаҳои шахсиятҳои маъруфи дохилӣ ва хориҷӣ гузаронида шуда, китобҳо ҳамчун манбаи муҳимми илмию маърифатӣ хизмат хоҳанд кард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки чунин асарҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти бузург доранд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






