Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон бо ширкати «Acwa Power» дар Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус дар самти истеҳсоли энергияи офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон 9 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии ширкати энергетикии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Марко Ачелли мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи Конференсияи молиявии рушд баргузор шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи вазорату идораҳои масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати энергетикии «Acwa Power» ҳамкорӣ вусъат дода мешавад.
Ширкати «Acwa Power» фаъолияташро дар самти рушди энергияи барқароршаванда, бахусус энергияи офтобӣ ва бодӣ ба роҳ мондааст. Он дар айни замон дар 14 давлати дунё бо сармояи беш аз 100 миллиард доллари амрикоӣ фаъолият менамояд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






