Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид

Декабрь 16, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия баргузор гардид, ки зимни он ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлат, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия зоҳир карда шуд. Дар ин замина вазъи кунунӣ ва дурнамои имзои якчанд  созишнома ва шартномаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои ду давлат муҳокима гардид. Ҳадафи онҳо зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия мебошад.

Татбиқи ин санадҳо ба таъмини устувории таъминот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротӣ мусоидат мекунад.

Дар охир ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад