Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо муовини Вазири умури хориҷаи Эрон оид ба корҳои консулӣ ва парлумонӣ вохӯрӣ намуд

Декабрь 11, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо муовини Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои консулӣ, парлумонӣ ва ҳамватанони эронӣ Ваҳид Ҷалолзода вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуда, дар ҳолати рушд қарор доранд.

Ҷонибҳо масоили марбут ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилро баррасӣ намуданд.

Азиз Гиёзода иброз намуд, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.

Байни ду давлат беш аз 200 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамкории мо дар самти муносибатҳои бисёрҷониба дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҷеъ ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масоили марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, сепаратизм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар густариш меёбад.

Тоҷикистон аз ҷумҳурии дӯсти Эрон барои ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии Чумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ миннатдор буда, омодаи  ҳамкории боз ҳам қавитар ва судманд мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид