Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвият ва муосирсозии соҳаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа нақши муҳим доранд. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои саноатӣ мо мақсад дорем, ки то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли саноатиро ду баробар зиёд намуда, ҳиссаи соҳаи саноатро дар иқтисоди миллӣ то ба 30 фоиз расонем. Ин матлабро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки форум бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ-металлургӣ, барқарорсозӣ ва тавсеаи робитаҳои минтақавӣ, ҳамчунин таъмини рушди устувори ин бахши воқеии иқтисодиёт доир мегардад.
«Ҳама тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафи муҳим андешида мешаванд, аз сиёсати дурбинона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Ин сиёсат ба ташкили пойгоҳи устувор барои рушди босуръати саноат дар саросари мамлакат равона шудааст»,-афзуд Қоҳир Расулзода.
Дар ин замина метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон иқтисоди «сабз», татбиқи технологияҳои рақамӣ, робототехника, тиҷорати электронӣ ва дигар инноватсияҳо, талабот ба захираҳои стратегӣ ва минералҳои муҳим дар соҳаи кӯҳкорӣ босуръат афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то нимаи дуюми рӯз идома меёбад.
Дар форум беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъданҳои кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.
Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, маърузаҳои коршиносон, вохӯриҳо ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор мегарданд.
Форум ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан суръат мебахшад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






