Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқию меъёрӣ ва баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат доир гардида, дар он роҳбарият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Баҳрулло Давлатзода иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зарурати мутобиқ намудани низоми таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнат таъкид гардида, омодасозии мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мешавад. Ин нуктаҳо барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун роҳнамои асосӣ хизмат мекунанд.
«Яке аз самтҳои афзалиятноке, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, баланд бардоштани сифати таълим ва такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ мебошад. Бо такя ба дастурҳои Сарвари давлат зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, усулҳои инноватсионӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон ба миён меояд. Ин раванд ба беҳтар шудани сатҳи донишу малакаи донишҷӯён мусоидат мекунад», — гуфт Баҳрулло Давлатзода.
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо корхонаҳо ва бозори меҳнат аҳамияти хосса дод. Муайян намудани ихтисосҳои серталаб, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити воқеии истеҳсолӣ барои донишомӯзон аз ҷумлаи самтҳои муҳим мебошанд. Ин иқдом ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш зимни маърузаҳои директорони коллеҷҳо иброз гардид, ки нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ моро водор месозанд, ки дар фаъолияти худ ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон диққати ҷиддӣ диҳем.
Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир, дорои дониши рақобатпазир ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ тарбия намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми муносиб гузорем.
«Иҷрои дастурҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёншуда барои рушди соҳа, баланд бардоштани мақоми таҳсилоти касбӣ ва таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос заминаи устувор фароҳам меорад»,-иброз гардид дар ҷамъомад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






