Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд

Декабрь 15, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаи таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ» конфронс доир шуд.

Тавре аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш масъалаҳои муайян намудани зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, баррасии мушкилот дар самти ҳузури фаъоли Тоҷикистон дар фаъолияти долонҳои нақлиётӣ-энергетикӣ, имконияти муосири пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар бунёди долонҳои “сабз” дар Осиёи Марказӣ, стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти фаъолияти долонҳои нақлиётӣ ва боркашонӣ дар шароити ҷаҳони муосир ва рушди ҳамкории минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчун заминаи тавсеаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Иброз гардид, ки имрӯз терминалҳои боркашонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ, инчунин дар аксари гузаргоҳҳои назоратӣ-гузаришии дорои мақоми байналмилалӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ барои сохтмони марказҳои нави логистикии мултимодалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтар корҳои мақсаднок  идома доранд.

Дар самти рушди иқтидори гидроэнергетикии мамлакат таъкид шуд,  ки Тоҷикистон дар ин соҳа дорои захираҳои бузург мебошад. Аз ин рӯ роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ташаккули иқтисоди «сабз», яъне таъмини рушди иқтисодиёт ва нигоҳ доштани зарфияти табииро, ки ба ҳаёти одамон безарар мебошад, аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намуд.

Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти татбиқи сиёсати энергетикӣ ба мувафаққияти беназир ноил гардидааст. Бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, ба кор андохтани иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, ба монанди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии  «Роғун» инчунин иқтидори нави азхудшаванда низ дар доираи татбиқи сиёсати энергетикӣ бо дигар шарикони стратегӣ таҷдид гардиданд.

Иштирокчиёни конфронс таъкид намуданд, ки мутаассифона, сайёраи мо имрӯз ба ҳолати душвори экологӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Бинобар ин масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувор ва иқтисоди «сабз» дар саросари ҷаҳон аз муҳимтарин масоили асри ХХI дониста мешаванд.

Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз истифодаи самараноки иқтидори энергетикӣ ва густариши робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобастагии зиёд дорад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» давра ба давра бо андешидани тадбирҳои зарурӣ рушди иқтисоди рақамӣ таъмин карда мешавад.

Иштирокчиён оид ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии долонҳои транзитӣ ва таъмини амнияти онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Гуфта шуд, ки рушди долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъмини амнияти онҳо яке аз омилҳои калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ тақвияти иқтисоди «сабз», истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкории минтақавӣ метавонад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати транзитӣ ва энергетикии муҳим боз ҳам тақвият бахшад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён