ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди мамлакатро муайян ва ғамхории давлат нисбат ба ояндаи миллатро ифода мекунад. Ин нукта дар ҳамоиш таҳти унвони «Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш самтҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ» (16 декабри соли 2025) шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода дар ҳамоиш
иброз дошт, ки дар ин санади муҳим ба масъалаҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, таҳкими арзишҳои маънавии ҷомеа ва оламшумул намудани чеҳраҳои мондагор, олимону шоирони забардаст, қаҳрамонони асили таъриху фарҳанги тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин нуктаҳо бо рисолати Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун махзани ганҷинаҳои миллат ҳамоҳанг мебошанд.
Инчунин аҳамияти нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардида, бори дигар омодагии ҳайати Осорхонаи миллӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи самараноки ҳадафу мақсадҳои муайянгардида иброз ва саҳми муассиса дар рушди фарҳанг, илм ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид карда шуд.
Ҳамзамон як зумра кормандони Осорхонаи миллӣ дар мавзуъҳои «Паёми Пешвои миллат – омили пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ», «Криосфера ва аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим», «Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ», «Мақоми зан дар рушди ҷомеа аз нигоҳи Пешвои миллат», «Паёми ҳидоятгар», «Ҷавонон — қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дар партави Паёми Пешвои миллат», «Аз Марв то ЮНЕСКО — муҳаббат ба мероси Борбад», «Конун — таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе» маъруза намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






