Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса доранд.
Ба муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар барои густариши робитаҳои гуногунҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки кишварҳои мо имконият доранд, дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






