Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд

Декабрь 9, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Munandislik ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд.

Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шудааст.

Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, имкони содирот ба кишварҳои хориҷиро низ фароҳам месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо раванди истеҳсол, аз бахшҳои асосии корхона дидан намуда, ҷараёни технологӣ, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои рушди минбаъдаро таҳлил карданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхонаҳои коркард қадами устувор дар ҷодаи саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Ифтитоҳи ҶДММ Алюминийи аввалин боз як қадами муҳими амалисозии сиёсати созандаи роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба хусус алюминии аввалия, ивази воридот ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд.

Ба истифода додани корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ Алюминийи аввалин дар шаҳри Турсунзода 09.12.2025

Декабрь 9, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид