РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад

Декабрь 30, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2026 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -шаҳри Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Барои омодагӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таъсис дода шудааст.

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Раусулзода баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории Конфронси чоруми Душанбе оид ба даҳсолаи об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тасдиқ гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ва фаъолона мавзуи рӯзномаи обро дар арсаи байналмилалӣ пеш мебарад. Давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, ки дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сатҳҳои гуногун нақши муҳим мебозанд. Ин аст, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки дар татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор шудаанд, қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 давлати дунё, роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид, ки бозгӯи ташаббусҳои наҷиби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо буд. Маҳз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки дар шароити раванди тағйирёбии иқлими сайёраи Замин дар ҳамоҳангӣ тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд