Сафири Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Испания нусхаи эътимоднома супорид

Декабрь 11, 2025 11:41

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Испания бо иқомат дар шаҳри Женева Шараф Шерализода ба Директори генералии ташрифоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Подшоҳии Испания Адриан Мартин Коусе тибқи расмиёт нусхаи эътимоднома супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни вохӯрӣ Адриан Мартин Коусе Сафири навтаъйинро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатӣ дар ин маснади муҳим таҳният гуфта, ба ӯ муваффақият ва комёбиҳо орзу намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Декабрь 11, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид