Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои минтақавӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои муҳоҷират, инчунин ворид гардидани тағйироти охирин ба қонунгузории Федератсияи Русия дар ин соҳа таваҷҷуҳ намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






