Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Сохтмони муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Муассисаи зебои тозабунёд барои 250 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар иншоот барои инкишофи зеҳнии кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ дидан намуда, ба масъулин барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд.
Дар кӯдакистони нав 35 парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд.
Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабии Ғунчаҳои Истиқлол як бахши муҳими тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ мебошад. Сохтмони чунин иншооти иҷтимоӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба кӯдакон – насли ояндасози миллат ба шумор меравад.
Дар саҳни ҳавлии боғча 2 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, дар муассиса барои 6 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварии зимистона ва майдончаи бозӣ сохта шуда, ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ тақдим шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ саҳмгузор хоҳад буд.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми накӯ арзи сипос намуданд.
Аз мураббиён даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 30 тонна таъмин аст. Оби тозаи ошомиданӣ аз зери замин, аз чуқурии 150 метр бароварда шудааст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ ва генератори худкор низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Дар маҷмӯъ низоми гармидиҳии иншоот муосир буда, дар он фаршҳои гармидиҳии буғӣ васл карда шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд






