Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Декабрь 9, 2025 11:42

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ҶДММ Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.

12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.

Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ Бозори Турсунзода аз ду марҳилаи сохтмон иборат буда, марҳилаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид.

Пас аз ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи якуми Бозори Турсунзода зиёда аз 1670 сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои дар муҳлати муайян сохта, ба истифода додани марҳилаи дуюми бозор корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ бо ҷалби 170 сокини маҳаллӣ идома дорад.

Бунёди 20 сардхона бо ғунҷоиши садҳо тонна меваю сабзавот, 26 дорухона, ошхона, нуқтаҳои таъмир ва шустушӯи нақлиёт ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон ба тарҳи лоиҳаи марҳилаи дуюми бозор ворид шуда, пас аз анҷоми корҳои ободонӣ шумораи ҷойҳои доимии корӣ ба 2670 кас хоҳад расид.

Ҳоло дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бозори Турсунзода марказҳои муосири фурӯши сару либос, хӯрокворӣ, меваю сабзавот, молҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар хадамот фаъолият менамояд.

Сардхонаҳои бозор, ки дар шафати роҳи оҳан бунёд шудааст, барои саривақт дастрас намудани ҳама гуна молу маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои хориҷ мусоидат менамояд.

Дар дохили бозор меҳмонхона бо 120 ҷойи хоб сохта шудааст. Ҳуҷраҳо дорои рахтҳои бароҳати хоб ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.

Тавре аён гардид, дар бозор аз панелҳои офтобӣ васеъ истифода менамоянд, ки мутобиқ ба шароити имрӯза дар соҳаи энергетикаи кишвар ва ҳам роҳи гузариш ба энергияи “сабз” мебошад.

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи молу маҳсулоти фурӯшандаҳо аз ҳодисаҳои сӯхтор Бозори Турсунзода бо нақлиёти махсус таъмин карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро барои бунёди иншооти муҳташами муосир, ки дар маҷмуъ ба таъсиси наздик ба 3000 ҷойи нави корӣ замина мегузорад, нишони ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.

Тариқи маҷозӣ ба истифода додани ҶДММ Бозори Турсунзода дар шаҳри Турсунзода 09.12.2025

Декабрь 9, 2025 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд