Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад

Декабрь 29, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шуруъ аз 1 феврали соли 2026 тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» имрӯз, 29 декабр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ ва қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Гуфта мешавад, ки ин лоиҳа бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар иртибот ба ин Сарвари давлат ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳамзамон дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2026 тасдиқ карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 29, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд