СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намуданд, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти мутобиқ гардонидан ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо ба Конвенсияи авиатсияи граждании байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур 3 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ва 15 декабр дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баррасӣ карда шуда, баъди ҷонибдории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ба лоиҳа бо мақсади пурраю равшантар ва оммафаҳм будани Кодекси фазои ҳавоӣ мафҳумҳои асосӣ ва моддаҳои нав дар мавзуи санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия, фаъолияти вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионии назоратшаванда, нозирони авиатсионӣ, ҷалби мутахассисон ба гузаронидани фаъолияти сертификатсионию назоратӣ ва таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ илова карда шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат соҳаи авиатсияи граждании мамлакат рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳо аст.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои навсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бояд иброз намуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтаанд.
Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии авиатсияи гражданӣ дар мамлакат таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ насб гардиданд.
Яке аз онҳо низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати бинишро дар минтақаи фурудгоҳ тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд.
Фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тавассути ин таҷҳизот маълумоти дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамоянд.
Истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кори танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ баланд бардошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.


Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, бунёд шудааст.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имсол сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати нави зимомӣ оғоз гардид. Ҳамзамон 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш карда мешаванд. Барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз хати нави зимомӣ бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ давоми қариб 3 моҳ ба анҷом расонида мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки ҳадаф аз иқдомҳои бунёдкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ татбиқи сиёсати «Осмони кушод» ва ҷалби бештари ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории авиатсионӣ мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки 6 ноябри соли равон дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид.
Аз рӯи натиҷаи кори мизи мудаввар байни ширкатҳои амрикоӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод ба имзо расид.
Аз ҷумла, байни ширкати ватании «Сомон Эйр» ва ширкати амрикоии «Боинг» шартномаи дарозмуҳлат оид ба хариди 14 ҳавопаймои муосир ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин нақшаи парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Амрико муҳокима гардид, ки иқтидор ва ҷуғрофияи парвозҳои ширкати ватаниро васеъ мекунад.
Инчунин 4 ноябр дар шаҳри Давҳа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе–Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва рушди бизнес-авиатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Дар доираи сиёсати «Осмони кушод» моҳи июн парвозҳои мустақим байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Пекин ва моҳи сентябри соли равон парвозҳои мустақим дар масири Сиан-Душанбе-Сиан /Чин/ оғоз гардид. Ҳамзамон парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ва Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз гардиданд.
Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи ҳамкории авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ояндаи наздик байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ фаъол карда мешаванд.
Шуруъ аз 3 сентябри соли 2025 парвозҳои ширкати «FlyDubai» дар масири Дубай-Душанбе-Дубай бо зичии 7 парвоз дар як ҳафта, яъне ҳамарӯза амалӣ карда мешавад.
Бояд иброз намуд, ки бо мақсади рушди бештари соҳа моҳи августи соли 2024 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.
Ҳадафи қабули Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Қатъномаи нави минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия бо иштироки Тоҷикистон қабул гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон






