Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аз аввали соли 2025 то инҷониб зиёда аз 380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти хӯроквории қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, обҳои ташнагишикан, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ мебошанд, ки барои нобуд кардан аз ҷониби соҳибкорон ба агентӣ супорида шудаанд. Ҳамчунин маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили маҳсулоти сохтмонӣ, хокаҳои сохтмонӣ, ранг ва ғайраҳо нобуд карда шуд.
Ҳадафи ин амал назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводи пастсифат ва зараррасоне аст, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад.
Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кормандони Нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» бо соҳибкорон, фурӯшандагон, воридкунандагони молу маҳсулот, инчунин истеъмолкунандагон пайваста корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкорон даъват шуд, ки молҳои пастсифат ва ё муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба мардум нафурӯшанд. Барои нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ин гуна молу маҳсулот ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунанд.
Натиҷаи ҳамин гуна корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аст, ки соҳибкорони масъулиятшинос молу маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта ва ё ғайри қобили истифодаро ба Агентии «Тоҷикстандарт» месупоранд.
Метавон гуфт, ки ин раванд аз ҷониби дигар соҳибкорон низ идома дода шуда, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва тоза нигоҳ доштани он заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ кормандони Нозироти савдо барои риояи талаботи регламентҳои техникӣ бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон кор мебаранд.
Кормандони нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» дар оянда раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро густариш дода, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон нақши арзишманд мегузоранд.
Аз истеъмолкунандагон ва шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунанд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






