Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад

Декабрь 30, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоии 110-киловолта аз зеристгоҳи барқии «Равшан» то зеристгоҳи барқии «Шаҳринав-2» идома  доранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба кам намудани борнокии хатҳои барқии баландшиддати 220- киловолта, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи барқ ва таъмини устувори аҳолӣ ва корхонаҳо бо неруи барқ мусоидат менамояд.

Ин тадбирҳо барои рушди инфрасохтори энергетикии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он амалӣ гардонида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд