«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор муҳокима гардид.
Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа ҳадаф ва самтҳои асосии стратегия муаррифӣ гардида, афзалияти ҳамкории минбаъда барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти зерсохтор, рушди захираҳои инсонӣ, иқтисоди «сабз» ва рақамисозӣ шарҳ дода шуд.
Инчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкории стратегӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, механизмҳои татбиқи самараноки лоиҳаҳои рушд ва роҳҳои ҷалби бештари сармоягузориҳо баррасӣ гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа аҳаммияти «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»-ро дар тақвияти ҳамкории давлатӣ ва рушдёбандаи Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин стратегия маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология ба нақша гирифта шудааст.
Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон буда, давоми солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 то инҷониб қариб 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Дар айни замон Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари амрикоӣ дастгирӣ менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






