Таҳқиқи хотираи таърихии Гуйчжоуи Чин дар замони ҷанг

Декабрь 3, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Гуйчжоу, ки бо ҷойгиршавии ҷуғрофии хос ва табиати пуркӯҳи худ маъруф аст, дар давраҳои гуногуни таърихӣ нақши муҳим доштааст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъзе минтақаҳои он ба иншооти муҳими стратегӣ табдил ёфта, аҳолӣ ва намояндагони қавмиятҳои гуногуни ин минтақа дар ҳифз ва дастгирии иқдомҳои башардӯстона саҳм гузоштанд.

Соли 2025 ба 80-солагии поёни Ҷанги дуюми ҷаҳон рост меояд. Ба ин муносибат, бо дастгирии Маркази байналмилалии иртибототи Радио ва Телевизиони Гуйчжоу гурӯҳи ҷавонон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон, Коста-Рика ва Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Гуйчжоу вохӯрда, аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии вобаста ба он давра боздид карданд. Ҳадаф аз ин сафар шиносоӣ бо ҷараёни рушди иҷтимоӣ ва таърихии минтақа буд.

Гэвин Эндрю Кули аз Иёлоти Муттаҳида, ки бобояш дар давраи ҷанг хидмат кардааст, ҳамроҳ бо як халабони маҳаллӣ аз фурудгоҳи Ҷиужжоу дар Ҳуанпин боздид намуда, дар бораи саҳми аҳолии маҳаллӣ дар сохтмони инфрасохтори зарурии он давра маълумот гирифт. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкориҳои таърихии байни халқҳо дар хотираи ҷомеа ба ҷо мондаанд.

Юнас Муҳаммад, донишҷӯи тиб аз Покистон, таҳти роҳбаладии Ян Хунмэй — набераи яке аз табибони Корпуси тиббии Ҷамъияти Салиби Сурхии Чин — ба гузаргоҳи Туюнгуан дар шаҳри Гуйян сафар кард. Дар ин боздид ӯ бо фаъолияти гурӯҳҳои тиббии байналмилалӣ, ки дар солҳои ҷанг ба мардум хизмат мерасониданд, аз наздик ошно шуд.

Тим ва дӯсти ӯ Бабл, ҷавонон аз Иёлоти Муттаҳида, бо устоди бознишаста Сюй Ли — собиқ раиси Иттифоқи рассомони ноҳияи Душан — мулоқот намуданд. Бо роҳбаладии Луна, як ҷавони чинӣ, онҳо расмҳои Сюй Ли-ро, ки ба рӯйдодҳои таърихӣ бахшида шудаанд, тамошо карда, тавассути онҳо ба аҳамияти ҳифзи сулҳ ва сабақҳои таърихӣ ишора намуданд.

Хосе Луис Фонсека Конеҳу аз Коста-Рика ва Ғарибмамадова Сабзон аз Тоҷикистон бо роҳнамоии Чжэн Сянъи, донишҷӯи Донишгоҳи Чжэцзян, ва Гун Цинмин, омӯзгори Донишгоҳи Гуйчжоу, ба як қатор мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ сафар карданд. Онҳо дар бораи он огоҳ шуданд, ки чаро дар солҳои ҷанг Донишгоҳи Чжэцзян ба Гуйчжоу кӯч баста буд ва чӣ гуна гурӯҳҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ҷамъияти «Чунцян», тавассути намоишҳои анъанавии худ ба боло бурдани рӯҳияи ҷомеа мусоидат мекарданд.

Ҷавонони аз кишварҳои мухталиф ба Гуйчжоу ташрифоварда дар миёни кӯҳҳо ва манзараҳои зебои табиӣ бо қиссаҳои таърихӣ ва пешрафтҳои муосири минтақа ошно шуданд. Ба андешаи онҳо, омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва рушди имрӯзаи Гуйчжоу ба қадршиносии сулҳ, рушди устувор ва мукаммал гардидани робитаҳои дӯстона миёни халқҳо мусоидат менамояд.

Манбаъ: Up Guizhou

Декабрь 3, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷрибаи ҳифзи осори классикӣ ва дастгирии фарҳанг дар Гуйчжоуи Чин дар солҳои ҷанг
Нақши таърихии вилояти Гуйчжоу дар ҳифзи фаъолияти илмӣ дар солҳои ҷанг
Нигоҳе ба рӯҳи башардӯстӣ дар Гуйчжоу
Хати ҳаёт дар миёни аланга: гузашта ва имрӯзи рагҳои нақлиётии Чини замони ҷанг
Аз Чини зебо то Осиёи Марказии «сабз»
Дар шаҳри Сиан 13-умин Форуми ҷаҳонии видеомедиа ва маросими таъсиси механизми «Шарикони медиаи Ҷануби Глобалӣ» оғоз ёфт
Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин
Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин