ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 2, 2025 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо намуданд.

***

2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин давлат шинос шуданд.

***

2 декабри соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки ба тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот намуданд. Зимни суҳбати гарму самимӣ масъалаи густариши муносибатҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

2 декабри соли 2022 муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.

2 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Мянма- иди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.

***

2 декабри соли 2021 Тоҷикистон ва Италия дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаро баррасӣ намуданд.

***

2 декабри соли 1870 Рим пойтахти Шоҳигарии Италия эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Лубнон қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

2 декабри соли 2010 дар  iPhone мессенҷери Viber кушода шуд.

***

Соли 1971 бори нахуст дар рӯйи сайёраи Марс дастгоҳи «Марс-3» фуруд омад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Самад Ғанӣ — соли  1908 — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960).

Декабрь 2, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш