ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 26, 2025 08:00

26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар анҷуман бо ҳисоботи 15-солаи фаъолият Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруза намуданд.

***

26 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо шинос шуданд.

***

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон, ки 28 декабр таҷлил карда мешавад, шодбош гуфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд.

***

26 декабри соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

26 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Словения – Рӯзи истиқлолият ва муттаҳидӣ.

***

Дар Булғористон — Рӯзи падар

***

Дар Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва Канада — Рӯзи туҳфа.

РӮЙДОДҲО:

Соли 2017 истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

***

26 декабри соли 1925 Ҳизби коммунистии Ҳиндустон таъсис  дода шуд.

***

26 декабри соли 1991 Парлумони Озарбойҷон ҳуруфоти забони озарбойҷониро аз кириллӣ ба лотинӣ иваз намуд.

***

Соли 1949 Алберт Эйнштейн назарияи ҷозиба (назарияи умумии мутаносибӣ)-ро пешниҳод намуд.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Вафобеки Шодибек (1935)- арбоби фарҳанг, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Декабрь 26, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст