ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
3 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба бо сафари расмӣ ба Фаронса рафтанд.
***
3 декабри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат»-и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба оростанд.
***
3 декабри соли 2010 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима гардид
***
3 декабри соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор намуд.
3 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии маъюбон.
***
Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.
РӮЙДОДҲО:
3 декабри соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
***
3 декабри соли 1775 нахустин маротиба парчами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парафшон шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.
***
3 декабри соли 1959 нахустин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани «Ленин» ба истифода дода шуд.
***
Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Асалбек Назриев-соли 1948- ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст






