ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, сешанбе, 364-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 30, 2025 08:00

30 декабри соли 2008 ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» натиҷаи назарсанҷӣ байни  роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.

***

30 декабри соли 2009 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ доир шуд.

***

30 декабри соли 2020 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

***

30 декабри соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрокунандаи вазифаи Президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея Чҳве Сан Мок  барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

30 ДЕКАБР:

 Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2013  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ​ ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд.

***

 30 декабри соли 1922 собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард.

***

30 декабри соли  1918 Ҳизби коммунистии Германия таъсис ёфт.

***

30 декабри соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро оид ба нақшаи назорат аз болои ин соҳа ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 1949 Фаронса истиқлолияти Ветнамро эътироф намуд.

***

30 декабри соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ карда шуд.

***

Соли 1953  дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1927 дар Иттиҳоди Шуравӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон тарзи коркард ва гирифтани каучук амалӣ гардид.

***

30 декабри соли 1927 дар Токио аввалин хати метрои Ҷопон кушода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳайдаршо Пирумшоев-соли 1944 – олим, муаррихи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор

Декабрь 30, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, чоршанбе, 365-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, душанбе, 363-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст