ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, чоршанбе, 365-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 31, 2025 08:00

31 декабри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти  Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанба байни ду мамлкат баҳои баланд доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 пешниҳод гардид.

***

31  декабри  соли  1925 бо қарори  ҳайати раёсати Кумитаи  инқилобии Ҷумҳурии худмухтори  шуравии  сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи  ТАСС  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфт,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тағйири ном намуда, ҳамчун ягона агентии давлатӣ манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.

31 ДЕКАБР:

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

***

31 декабри соли 1958  Соли байналмилалии геофизикӣ, ки 1 июли соли 1957 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

***

31 декабри соли 1960 Куба аз Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид талаб кард, ки  шикояташро дар бораи аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди зӯроварӣ қарор гирифтан дида барояд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд.

***

31 декабри соли 1998 дар Русия аввалин маротиба хати телефони байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва ба роҳ монда шуд. Маҳз дар Русия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дар тамоми Аврупо дарозтарин меҳсуб меёфт.

***

31 декабри соли 1960 дар Волгоград аввалин троллейбусҳо ба истифода дода шуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:

Бобоҷон Ғафуров— соли 1908- Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).

***

Фотима Ғуломова — соли 1934 -ҳунарманд, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Декабрь 31, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, сешанбе, 364-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, душанбе, 363-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст