Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи об яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, таъмини истифодаи самаранок ва устувори захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, инчунин татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд. Ин нукта дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи об, ки зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои об мебошанд, таъкид гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои дахлдор шунида шуд. Дар ҳисобот масъалаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникӣ ва ҳолати молиявию иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ба роҳбарони корхонаҳо барои ба роҳ мондани ҳисоби дақиқи истифодаи захираҳои об, ҷорӣ намудани барномаҳои электронии идоракунӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳа дастур дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои асосии соҳа барои соли 2026 муайян гардиданд. Масъулин барои сари вақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳо вазифадор карда шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






