Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Узбекистон лоиҳаи озмоиширо барои истифодаи долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» фаъол мегардонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ин лоиҳаи озмоишӣ корвони иборат аз 10 мошини пурбор аз Узбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ҷониби Чин роҳсипор мешавад. Дар ин хусус вазирони нақлиёти ду давлат- Азим Иброҳим ва Илҳом Маҳкамов зимни музокироти охир ба мувофиқа расиданд.
Намояндаи Узбекистон дар фаъолияти Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, иштирок хоҳад кард. Дар якҷоягӣ Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд ҳамлу нақлро бо Чин тавассути долони нави мултимодалӣ оғоз кунанд. Рухсатномаҳо барои интиқоли бор дар шакли электронӣ дода мешаванд. Дар ин маврид дар ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 22-23 декабри соли 2025 дар Самарқанд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар қолаби озмоишӣ интиқоли бор байни Узбекистон ва Чинро тавассути қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» оғоз кунанд.
Долони мазкур соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки қобилияти гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартепа — Саразм», ки дар қаламрави ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, дар сарҳади Узбекистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, зиёд карда шавад. Дар он ҷо Маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти фаврии санаду ҳуҷҷатҳо гузаронад.
Ғайр аз ин, дар наздикии сарҳад Маркази ташхис барои хизматрасонии тиббии ҳамарӯза ба 150-200 нафар муроҷиаткунанда, ҳамчунин маҷмааи савдо барои 800 соҳибкор таъсис дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз хизматрасонии тиҷоратӣ ва тиббӣ «бе гузаштани назорати шиноснома, ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва навбатҳои тӯлонӣ» истифода баранд.
Комиссия инчунин имконияти зиёд кардани шумораи бланкҳои рухсатномаҳоро барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва интиқоли онҳо дар шакли электронӣ баррасӣ кард.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






