Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд

Декабрь 30, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба шахсони ниёзманд туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои рақами 1 ва 2-и ноҳияи Ашт расонида шуданд.

Зимни супоридани туҳфаҳои Сарвари давлат таъкид гардид, ки ғамхорию дастгирии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти мамлакат ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Туҳфаҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сару либос, пойафзол, маҷмуи лавозимоти хониш ва шириниҳо иборат буда, ба қалби ин наврасон бори дигар нуру сафо ва умеду боварии тоза бахшиданд.

Кӯдакону наврасон ва омӯзгорон барои ғамхории ҳамешагӣ сипосгузории хешро ба Пешвои миллат баён доштанд.

Дар ноҳияи Ашт ду мактаб-интернати  давлатӣ барои кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд амал мекунанд, ки дар онҳо 75 нафар наврасон ба ғамхорӣ, таҳсил ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари муҳайё будани шароити моддӣ ва таъмини имконияти зарурӣ инчунин дар ҳар иду ҷашн ба наврасон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим мегарданд.

Мақсад он аст, ки наврасон дар шароити беҳтар таҳсил намуда, ҳамчун насли солим, дорои донишу ахлоқи ҳамида, ватандӯст ва соҳибтахассус  ба камол расанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд