Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд. Ин навбат туҳфаҳои Пешвои миллат ба 69 нафар кӯдакони Мактаб- интернати деҳаи Шаҳидони Ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон расонида шуданд.
Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз либосҳои зимистонаи мактабӣ ва шириниҳо иборат мебошанд, ки аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат ба кӯдакон тақдим гардиданд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин муассиса 69 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки 18 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шароити муассиса ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, кӯдакон бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






