Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба беш аз 200 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 101 нафар ятимону бепарасторони Мактаб-интернати ба номи Раҳмон Шукур ва ба 121 нафар кӯдакони ятим ва бепарастори Интернати давлатии наздимактабии деҳаи Кангурт ба номи Воҳид Бобоеви ноҳияи Темурмалик тақдим гардиданд. Туҳфаҳо аз либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм ва шириниҳо иборат буда, намояндагони Ҳукумати мамлакат онҳоро ба тарбиятгирандагони ин муассиса тақдим доштанд.
Гуфта шуд, ки таълиму тарбия ва фаъолияти мактаб-интернатҳо зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити буду бош ва таълими тарбиятгирандагони ин муассисаҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Барои кӯдакони мактаб-интернат тамоми инфрасохтори соҳавӣ дар самти таълиму тарбия муҳайё гардидааст.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






