35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
РАШТ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар ноҳияи Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 2 муассисаи томактабӣ ва бинои иловагии кӯдакистони №1 барои 80 кӯдак сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалӣ гардидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026 ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст. Тибқи он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон бунёди 404 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. То имрӯз аз 404 иншооти нақшавӣ 278 адад мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 106 иншоот идома дорад.
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» дар соҳаи маориф, 34 бинои муассисаи таълимӣ, дар соҳаи тандурустӣ 19 бинои беморхонаю маркази саломатӣ ва дар соҳаи варзиш 34 толору майдончаи варзишӣ сохта шуд.
Дар ноҳияи Рашт дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 36 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4 корхона зиёд аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






