35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дилроз-Ғаюр» корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли нахҳои базалтии гармнигоҳдоранда бунёд мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхонаи саноатӣ дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат ва бо ҷалби сармояи хусусӣ сохта мешавад.
Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он 50 ҳазор тонна нахҳои базалтии гармнигоҳдоранда дар як солро ташкил медиҳад.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар 6 гектар бунёд гардида, баъди ба фаъолият оғоз намудани он беш аз 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Ҳоло барои иҷрои корҳои сохтмонӣ шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва корҳои бунёдӣ мутобиқи нақша идома доранд.
Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморию техникӣ, стандартҳои сифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода мешаванд. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин корхонаҳо ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойи кор ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






