35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мисии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин» идома дорад. Дар ин корхонаи саноатӣ дар маҷмӯъ 5 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, то имрӯз қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми корхона ба анҷом расида, хатҳои технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб шудаанд.
Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол яке аз калонтарин корхонаҳои саноати кӯҳӣ маҳсуб ёфта, марҳилаи аввали он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Бо ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзуда, шумораи ҷойҳои корӣ дар маҷмӯъ то 500 нафар мерасад.
Инчунин бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар шаҳри Истиқлол сохтмони ду корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад. Айни замон корҳои сохтмонӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷоҳак» идома дорад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 100 тонна оҳаксанг дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода супоридан дар он то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳамчунин сохтмони корхонаи коркарди оҳаксанги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» бо саҳми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда, иқтидори лоиҳавии он 100 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона баъди ба истифода додан 100 нафарро ташкил хоҳад дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






