35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар ноҳияи Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба пешвози ҷашни фархундаи миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби муассисаю ташкилотҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ноҳияи Шаҳристон як қатор тадбирҳои муҳими ободонӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, кӯчаву хиёбонҳо тозаю озода карда шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатӣ навсозӣ мешаванд. Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди роҳҳо, рангубори биноҳо, тозакунии ҷӯйбору заҳбурҳо ва беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳама тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани муҳити солим ва зебову дилписанд гардондани симои ноҳия равона гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия Маркази логистикӣ бунёд мешавад, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.
Тибқи иттилои масъулин, сардхона барои нигоҳдории то 100 тонна маҳсулот пешбинӣ гардида, бо фаъол гардидани он кори деҳқонон боз ҳам осон хоҳад шуд. Дар айни замон дар ноҳия 7 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ ва беш аз 9 ҳазор тонна картошкаи истеъмолӣ дар сардхонаҳо ва анборҳо нигоҳдорӣ мешавад.
Сокинони ноҳияи Шаҳристон дастовардҳои худро самараи Истиқлоли давлатӣ дониста, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баланд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок мебаранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






