«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид

Январь 31, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба хотири гиромидошти Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада таҳти унвони «Ҳафтранг ба хотираи устод» оғоз гардид. Намоиши то 20 феврали соли равон  идома меёбад. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар намоишгоҳ асарҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин  тасвирҳо   мавзуъҳои миллӣ, табиат, инсон ва арзишҳои маънавӣ бо сабкҳои гуногуни ҳунарӣ инъикос ёфтаанд. Ин асарҳо нишон доданд, ки мактаби эҷодии устод Зуҳур Ҳабибуллоев имрӯз низ идома дорад ва дар осори насли ҷавон зинда аст.

Дар намоишгоҳ мусаввараҳои Зуҳур Ҳабибуллоев, аз қабили «Дидбонгоҳи сарҳадӣ. Рӯшон», «Баҳор», «Чилдара», «Ғарм-Сорбоғ», «Ҷазира», «Соҳили дарёи Ғориф», «Болооби дарёи Ромит. Сорбоғ», «Тобистон. Сари киштӣ», «Тирамоҳ», инчунин офаридаҳои рассомон Сабзалӣ Шариф – «Устод Зуҳур Ҳабибуллоев», «Хоҷа Насриддин», «Навои чӯпон», «Ман ба ту дунёро нишон медиҳам», асарҳои рассом Мизроб Холов – «Наво», «Дугонаҳо», мусаввараҳои Фаррух Неъматзода – «Ҳосили тирамоҳ», «Ситораҳои осмон» ва ғайра  ба намоиш  гузошта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода таъкид намуд, ки Зуҳур Ҳабибуллоев яке аз поягузорони мактаби муосири рассомии тоҷик буда, саҳми ӯ дар тарбияи шогирдони зиёд ва рушди санъати миллӣ ниҳоят арзишманд аст.

Иштирокдорон аз Зуҳур Ҳабибуллоев ҳамчун шахсияти камназир ва рассоми соҳибмактаб ёдовар шуда, иброз доштанд, ки осори ӯ то имрӯз барои рассомони ҷавон намунаи баланди касбият ва тафаккури эҷодӣ мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Январь 31, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст