Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид

Январь 28, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2025 ба зиёда аз 2 миллиону 160 ҳазор мусофир хизмат расонидааст. Аз ин шумора 1 миллиону 60 ҳазору 746 нафарро мусофирони омада ва 1 миллиону 99 ҳазору 502 нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулшуда ва интиқолёфта 2 ҳазору 394 тоннаро ташкил дод. 346 тоннаи онро бори содиротӣ ва 2048 тоннаро бори воридотӣ ташкил додааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд