Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад.
Қабл аз оғози намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистон дар «Ҷаласаи ҳайатҳои воломақомӣ расмӣ», ки бо иштироки вазирони кишоварзии давлатњои иштирокдори намоишгоҳ иштирок намуд.
Дар ҷаласа доир ба мавзуъҳои «Истифодаи устувори захираҳои об», «Тақвияти биоиқтисодиёти «сабз», «Ҳалли созандаи рақобатбарои истифодаи захираҳо», «Тақвияти идораи байналмилалии захираҳои об» ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон давоми солҳои охир ба шарофати ҷорӣ намудани фанновариҳо ва усулҳои обёрӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Дар ин раванд, истифодаи технологияи муосир барои роҳандозии ҳамкории минбаъда бо кишварҳои шарик заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи бобарори ислоҳоти кишоварзӣ, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар умум расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзӣ таҳти унвони «Об, ҳосил ояндаи мо» иштирок намуданд.
Бояд гуфт,ки шурӯъ аз соли 2009 форуми мазкур чун анъана ҳамасола баргузор карда мешавад.
Форум ва намоишгоҳи кишоварзӣ ва озуқвории «Ҳафтаи сабз» дар шаҳри Берлин барои рушди ояндаи агросаноатии кишварҳои иштирокдор, гуфтугуҳо ва дарёфти шарикон ҳамчун майдоин фаррох заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро он беш аз 20 чорабинии канориро фаро гирифта, дар онњо зиёда аз 2 ҳазор нафар намояндагони соҳаи кишоварзӣ, олимон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Форуми имсола дар мавзуи «Об асоси зиндагӣ ва фаъолияти иқтисодӣ» баргузор шуд.
Дар маросими расмии ифтиитоҳи ин ҳамоиши бошукуҳи байналмилалӣ гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии озуқаворӣ барои табодули таҷрибабайни коршиносони маъруф аз соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мисли як пули устувор мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2026», ки бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк Валтер Штанмайер баргузор шуд, иштирок намуд.
Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» яке аз муҳимтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи озуқа, кишоварзӣ, боғдорӣ ва рушди устувор ба шумор меравад.
Ин чорабинӣ ҳамасола дар шаҳри Берлин доир мегардад ва имсол аз таъсис ва баргузории Намоишгоҳ 100-сол сипарӣ мегардад.
Имсол намояндагони зиёда аз 61 кишвари олам маҳсулот ва истеҳсолоти худро пешкаш намуданд.


















Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






