Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ

Январь 22, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти муосири бонкиро берун аз иқтисоди рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ёрии смартфонҳо мо маблағ интиқол медиҳем, қарзҳоро ба расмият медарорем, мошинҳоро суғурта мекунем. Ин алоқаи боэътимодро барои ташкилоти молиявӣ муҳимтар мегардонад. Чӣ тавр операторро интихоб кардан мумкин аст, то хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ барои мизоҷон дар саросари ҷумҳурӣ дастрас бошанд? Дар ин хусус Мурод Ризоев, менеҷери маҳсулоти «Ҳумо Бонк» маълумот медиҳад.

— Чаро шумо ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро интихоб кардед? Ба фикри Шумо он аз дигар операторони алоқа чӣ фарқият дорад?

 — Филиалҳо ва идораҳои «Ҳумо» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст ҷойгиранд. Аз ин рӯ, пайвастшавии устувор ва сифати баланди интернети мобилӣ бениҳоят муҳиманд. Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» фаъолияти устувор ва нишондиҳандаҳои хуби таҳвили маълумотро нишон медиҳад. Ин кори муттасили хизматрасониҳои бонкии мо ва равандҳои дохилиро новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ таъмин менамояд.

— Кормандони бонки «Ҳумо» аз кадом намуди хизматрасонии ширкат истифода мебаранд?

— МегаФон Тоҷикистон интихоби васеи тарофаҳоро, ки кормандони мо онҳоро истифода мебаранд: аз камхарҷ сар карда, то тарофаҳои пешрафта бо дақиқаҳо, трафики интернет ва опсияҳои дохилшуда барои паёмрасонҳо пешниҳод менамояд. Имконияти муносибро аз рӯи вазифаҳои гуногуни корӣ интихоб кардан мумкин аст. Дар айни замон ҳама кормандони бонк рақамҳои корпоративии «МегаФон Тоҷикистон»-ро истифода мебаранд. Тамоми иртиботи корӣ бо мизоҷон, шарикон ва таҳвилгарон тавассути шабакаи оператор анҷом дода мешавад.

«Ҳумо Бонк» на танҳо интернети мобилӣ, балки интернети ноқилиро низ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» истифода мебарад. Он барои кори муттасили идораҳо, системаҳои дохилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муҳим аст. Пайвастшавии боэътимод ба кормандони мо барои тамоси фаврӣ бо мизоҷон дар саросари мамлакат имкон медиҳад.

Кормандон замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро, ки идоракунии хизматрасониҳо, пардохтҳо ва тарофаҳоро муттаҳид месозад, истифода мебаранд. Ин раванди маъмурикунонии алоқаи корпоративиро осон карда, онро боз ҳам шаффофу муносиб мегардонад. 

— МегаФон Тоҷикистон ва «Ҳумо Бонк» лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намуданд – аз ҷумла, якҷоя хизматрасонии пешқадами молиявӣ-техникӣ таҳия карданд. Дар бораи ин лоиҳаҳо маълумот диҳед.

— Ҳамкории мо ба рушду такмили замимаи «МегаФон Life», ки ба он ҳамёни бонки мо вобаста гардид, нигаронида шудааст. Ба туфайли ин истифодабарандагон ба хизматрасониҳои рақамии молиявӣ дар як замима дастрасӣ пайдо карданд. Ин амалҳо гузаштани идентификатсия, барасмиятдарории қарз ба таври онлайн, вобастакунии кортҳои бонкӣ, пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, интиқоли маблағ, имконияти фармоиш додани чиптаҳо, маҳсулот ва доруҳо мебошанд. Барои мо ин барои васеъ кардани экосистемаи рақамӣ иқдоми муҳим ва усули пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионӣ ба аудиторияи нав дар шакли комилан муносиб гардид. 

— Шумо шарикии байни «Ҳумо» ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро дар умум чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва оё барои тавсия додани оператор ба дигар ташкилот омодаед?

— Албатта, омодаем! Мо ба ин шарикӣ баҳои хеле самарабахшу пурмаҳсул медиҳем. Фаъолияти муштарак имкон медиҳад, ки имконияти рақамӣ инкишоф ёфта, таҷрибаи мизоҷон беҳтар карда шавад. Афзалияти асосии ширкат – алоқаи устувор, имконияти муносиби тарофавӣ барои тиҷорат ва омода будан ба ҳамкории технологӣ мебошад. Сатҳи баланди хизматрасонӣ, дастгирии фаврӣ ва муносибати дахлдор нисбат ба мизоҷони корпоративӣ МегаФон Тоҷикистонро барои дилхоҳ ташкилоти молиявӣ шарики боътимод мегардонад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 22, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд