АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
РАШТ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Хуҷаалии Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ҳамроҳ бо фарзандонаш бо маблағҳои барои ҳаҷ пасандозкардаашон дар болои дарёи Сорбоғи ноҳия пули мошингузар бунёд намуда, пули одамгузари болои ҳамин дарёро таъмири пурра намуданд. Хушбахтона, бо ин амали хайри Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш мушкилии хонандагони деҳаҳои Боғистон, Пингон ва Боғистони поён, ки ба муассисаи таълимии деҳаи Хуҷаалӣ меомаданд, бартараф гардид. Ҳамзамон рафту омади сокинони шаш деҳаи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт- Хуҷаалӣ, Кӯҳдоман, Шингилич, Рувоз, Хуҷаалии поён ва Боғистон хеле осон шуд.
Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш ҳамчунин 80 симчӯби чӯбинро ба симчӯбҳои бетонӣ иваз намуданд, ки бо ин кори хайр садамаҳои пайдарпайи хатҳои ҳавоии неруи барқ бартараф гардид.
Раиси Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Қурбоналӣ Наҷмиддинов иброз дошт, ки соҳибкорону сокинони ҷамоат бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созандагию бунёдкорӣ машғул буда, барои зиндагии шоиста шароити хуб фароҳам меоранд.
Иброз гардид, ки бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони деҳаи Яшм дар болои дарёи Сорбоғ бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ пули мошингузар бунёд намуданд. Дар ин кори хайр 7 сокини деҳаҳои Яшм ва Шулмак саҳм гузошта, маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар бунёди пули мошингузар сарф намуданд.
Ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бунёди 29 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 14 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ба ин нақша бунёди 4 иншооти дигар- пулҳои мошингузар ва пиёдагузар илова гардид, ки дар айни замон мавриди истифодаи сокинон қарор доранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






