Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост

Январь 21, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ бо як зумра намояндагони илму адаби мамлакат мулоқот анҷом доданд.

— Ташаббуси наҷиби муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба ҳифзи асолат ва болобурди худшиносию худогоҳии миллӣ равона шудааст, воқеан иқдоми муҳим ва шоистаи таҳсин арзёбӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, чун анъана ба масъалаҳои марбут ба гиромидошти арзишҳои миллию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз тадбирҳои амалӣ андешанд. Ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳо дар роҳи таҳкими ҳувияти миллист, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ манзур гардиданд.

Ба баёни дигар, таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз ва бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ се ҳалқаи заррину бунёдии як занҷири ҳувиятофари миллӣ маҳсуб мешаванд, ки дирӯзи пурифтихори моро ба имрӯзи нусратёр ва фардои шуҳратбори он пайванд медиҳанд.

Воқеан, дар баробари бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ арҷ гузоштан ва фурӯзон доштани чароғи ёди ниёгони номовару пуршарафи мост, ки метавон гуфт нахустин тоҷдорони додгустари рӯйи Замин буданд. Фирдавсӣ бештар аз ҳазор сол пеш дар «Шоҳнома» ин ҳақиқатро возеҳан таъйид фармуда, аз паҳнои Хуросони Бузург садои ифтихор баланд карда буд:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,
Ки аз додашон офарин буд баҳр.

Бояд таъкид кард, ки шоҳону хусравони аҳди қадими мо дар дарозои таърих Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар расму суннатҳоро бо беҳтарину писандидатарин шева ойин ниҳоданд, бузургони мо илму фарҳанги башарро поягузорӣ карданд, шохаву бахшҳои нави илму фанро падид оварданд ва номи худро барои ҳамеша дар саҳифаҳои таърихи башар сабт намуданд.

Вале, мутаассифона, баъди пошхӯрди давлати Сомониён, дар асрҳои баъдии парокандагию парешонҳолӣ мо натавонистем такя бар худ, ба неруи давлатсозию давлатдории худ намоем ва ба қадри бузургону номоварони миллати худ расем, ҳарчанд бузургоне, чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ моро борҳо ҳушдор додаанд, ки «Даст бикшо, домани худро бигир!».

Рӯзгори истиқлол ва давлатдории миллӣ имкони мусоид фароҳам овард, ки дубора ба асли худ баргардем. Ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ гузорем. Ба сифати меросбари воқеӣ давлатдории нави миллии худро бар пояи таъриху фарҳанги куҳан бунёд намоем.

Ҳамин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ҳувияти миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихиро ҷавҳари сиёсати фарҳангии худ қарор дода, дар ин замина пайваста тадбирҳои судманд меандешанд ва ин тадбирҳоро бо истифода аз имконоти мавҷуд дар ҷумҳурӣ зина ба зина амалӣ месозанд.

Мо дар рӯзгори фараҳбахши давлатдории миллӣ бояд воқеан аз гузаштаву гузаштагони худ ифтихор намоем, ҳамеша ба ёди ниёгони некноми худ бошем, бо кору амали шоиста вориси арзандаи аҷдод буданамонро ба исбот расонем ва ба ин васила руҳи бузургони миллатамонро шод гардонем.

Ҳангоми сохтани маҷмаа имкон дорад дар баробари гузоштани пайкараи бузургон ҳамчунин оромгоҳи рамзии бархе аз бузургони миллат, ки берун аз қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба хоби абад рафтаанд, бунёд гардад, то ин маҷмаа барои мардуми мо ва алоқамандони таъриху фарҳанги куҳанбунёдамон ҳамасола ба маҳалли зиёрату бузургдошт табдил ёбад.

Зимнан, Ҳаким Низомӣ, ки аз бузургони камназири забону адаби миллати мост, дар «Шарафнома»-и худ гӯё ба ҳамаи мо, ворисони таъриху фарҳанг ва забону адаби ориёӣ муроҷиат фармуда, моро ба ёдкарди гузаштагон, азиз доштани хотира ва зиёрати қадамҷою оромгоҳи онон фаро хондааст.

Дар маҷмуъ, ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ иқдоми шоистаи таҳсин ва қобили дастгирӣ мебошад. Бо бунёди ин маҷмаа, ки бешубҳа, ба зиёратгоҳи хурду бузурги ҷумҳурии мо ва меҳмонони хориҷӣ табдил хоҳад ёфт, руҳи мададгору мондагори гузаштагони некномамон хушнуд хоҳад шуд ва моро ба пирӯзиҳои нав ба нав ҳидоят хоҳанд кард.

Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 21, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд