Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Январь 30, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 190 ҳазору 508 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот гардид. Дар ин хусус Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 29 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи ҳаҷм 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 миллион доллар) афзуда, аз афзоиши сифат ва арзиши маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад.

Ба иттилои Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти кишоварзии мамлакат ба 26 давлат содирот шудааст. 89 фоизи он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки соли 2025 тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои боэътимоди ҷаҳонӣ нигаронида шуд. Ин иқдом на танҳо боиси афзоиши арзиши иловашуда гардид, балки рушди устувори иқтисоди «сабз»-ро низ дар минтақаҳои кишоварзии мамлакат тақвият бахшид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд