Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук (22 январ) дар мавзуи «Саҳми мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат: мушкилот ва имконияти мавҷуда» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҷамъомад намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърихи рушди мақомоти гумрук дар даврони соҳибистиқлолӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ва мусоидат ба мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии худкори АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар тамоми гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки мақомоти гумрук яке аз ниҳодҳои муҳим дар ташаккули даромадҳои давлатӣ буда, тавассути ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамзамон масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ, таъмини шаффофият ва пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи низоми гумруки ҷумҳурӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Дар фарҷом аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи касбият ва иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти гумрук таъкид гардида, меҳмонони чорабинӣ бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






