Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Январь 22, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 34 соли фаъолият вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад. Ин нукта 22 январ бахшида ба Рӯзи таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маҷлиси тантанавӣ дар мақомоти гумруки Тоҷикистон гуфта шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маҷлиси тантанавӣ Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иброз дошт, ки имрӯз мақомоти гумрук ба фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии мамлакат ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии якчанд конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Чунин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар оянда чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти мамлакат дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи гумрук аз марҳилаҳои тайшуда ва раванди ташаккули ин сохтори муҳими давлатӣ ёдоварӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки роҳбарияти мақомот барои фаъолияти назарраси кормандони мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбир меандешад.

Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидори молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии мамлакат, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ дар назди кормандони гумрук вазифаи масъулиятнок меистад.

Рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ ва тавсеаи гардиши тиҷорати хориҷӣ дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон истифодаи бемаҳдуди технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, системаҳои нави рақамӣ, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва стандартикунонии расмиёти маъмуриро дар соҳаҳои танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тақозо менамояд.

Бо дарки ин воқеият мақомоти гумрук барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷрои Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва 2025-2029 ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи ин барномаҳо ҳама самтҳои фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла такмил додани қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнуияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамкории байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, такмил додани инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди системаи пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.

Бо назардошти саҳми муносиб дар ин самт ва тавсеаи фаъолият кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишони «Аълочии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома» ва рутбаҳои махсуси навбатӣ ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»